Аҳмадзода соҳибкорони туркро ба Суғд даъват кард

Раиси вилояти Суғд бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор дорад. Ӯ аз чанд шаҳри бузурги ин кишвар дидан намуд ва бо соҳибкорони туркӣ вохӯрд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар шаҳри Қайсарии Туркия форуми соҳибкорони Суғд ва ин шаҳр баргузор гардид, ки дар кори он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо як ҳайат низ иштирок кард.
Дар форуми тиҷоратии соҳибкорони Суғд ва Қайсарӣ инчунин сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, масъулони Палатаи савдо ва саноати Қайсарӣ ва соҳибкорони тоҷику турк ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, Аҳмадзода аз якчанд корхонаи саноатии шаҳри Қайсар боздид намуд ва ба фаъолияти онҳо шинос шуд.
Аз либосу пойафзол то маблағу ширинӣ: туҳфаи президент ба ятимони Исфара ва Конибодом
Зикр гардид, ки раиси вилоят ва ҳамроҳонаш бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзол шинос шуданд ва аз захираву имконотҳои Суғд барои коркарди пӯсту чарм ва ташкили корхонаи пойафзолбарорӣ гуфтанд.
Ӯ аз таҷрибаи ҳамкории соҳибкорони тоҷик ва Русия ёдовар шуд, ки дар якҷоягӣ дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолбарорӣ бунёд карда, маҳсулоти онро содир менамоянд.
Манбаъ меафзояд, ки Аҳмадзода соҳибкорони туркро бо сафари корӣ ба вилояти Суғд даъват кард. Ӯ қайд намуд, ки доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технолгияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Исфара моҳи апрел бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи пойафзолбарорӣ ба истифода дода шуд.
Иқтидори истеҳсолии ҳар ду корхона дар як сол 100 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад.