Захира кунед: ду ноҳияи Душанбе беоб мемонад

Сокинони аксари кӯчаву маҳаллаҳои ду ноҳияи шаҳри Душанбе барои як шабонарӯз тайи ин ҳафта аз истифодаи оби нӯшокӣ маҳрум хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об дар бархе аз манотиқи шаҳр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Фирдавсӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Сино ва Фирдавсии пойтахт қатъ мегардад.
Маҳдудияти интиқоли об аз соати 23:00-и 18 май то соати 24:00-и 19 май, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад.
Ҳамин тариқ дар таърихи зикршуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои Камонгарон, П. Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р. Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳҳорӣ ва шаҳраки П. Нахимов қатъ мешавад.
Садама бартараф шуд: ба маҳаллаҳои Душанбе об омад
Қатъи обрасонӣ дар шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаҳои Крупский, Сомон, Гулбутта-1-2, Машали ноҳияи Фирдавсӣ низ дар назар аст.
Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"-ро вазифадор намудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Инчунин қарор аст, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.