ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон, қариб дар тамоми манотиқи кишвар ҳавои хеле гарм пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Агентии ҳавосанҷии кишвар.
Баландтарин ҳарорати ҳаво аз аввали сол дар вилояти Хатлон хоҳад буд. Дар водиҳо шабона то 22, рӯзона 38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо ҳаво асосан 6-7 дараҷа паст мешавад. Дар баробари ин асосан бебориш, вале шамол то 9 метр дар як сония мевазад.
"Дар шаҳри Душанбе нимаабрӣ, бебориш мешавад. Ҳаво шабона 15-17 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад", — мегӯянд ҳавошиносон.
Дар навоҳии тобеи пойтахт ҳамингуна дамои ҳаво пешгӯӣ мешавад, вале дар баробари ин назар ба пойтахт 2—3 дарача гармтар аст. Дар куҳҳо шабона 8-13 дараҷа ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ ҳарорати ҳаво дар ғарб шабона 7—12 ва рӯзона 23—28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ВМКБ шабона то 4 дараҷа хунук, 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли кишвар - вилояти Суғд, дар водиҳо асосан бебориш, дар ғарби баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд.
Илова бар ин, шамол дар баъзе ҷойҳо то 10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 16-21 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо 5—10 дараҷа хунук, рӯзона 16—21 дараҷа гарм мешавад.