ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Сардор Бердимуҳаммадов, роҳбари ҷадиди Туркманистон ордени “Дӯстӣ” дод.
Фармони дахлдори Владимир Путин дар сомонаи иттилои ҳуқуқӣ нашр шудааст.
"Барои саҳми бузург дар таҳкими шарикии стратегӣ миёни Русия ва Туркманистон Сардор Қурбонгулевич Бердимуҳаммадов бо ордени "Дӯстӣ" мукофотонида шавад", — омадааст дар фармон.
Ҳамзамон Владимир Путин ба Сардор Бердимуҳаммадов бахшида ба 20-солагии Созишнома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайёми табрикӣ ирсол кард.
Раисиҷумҳури Русия роҳбари ҷадиди Туркманистон бо 20-умин солгарди имзои Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар табрик кард.
"Табрикоти самимии манро ба муносибати солгарди муҳим - 20-умин солгарди имзои Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон қабул фармоед. Шартномаи соли 2002 оғози марҳилаи нави муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Русия ва Туркманистон буд. Имзои ин санади муҳим барои боз ҳам беҳтар намудани муколама ва ҳамкориҳои дуҷониба дар аксари бахшҳо шароит фароҳам овард”, — гуфта мешавад дар ин паём.
Президент қайд кард, ки талошҳои муштараки Русия ва Туркманистон таҳкими минбаъдаи шарикии стратегиро таъмин хоҳад кард.