ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як сокини ноҳияи Роштқалъа ба содир намудани ҷинояти азонихудкунии моликияти давлатӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои котиботи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, номбурда 33 сол дошта, сокини деҳаи Занинси ин ноҳия мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда бо фармони директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ вазифаи мудири мавзеи ҷангалпарварии ноҳияи Роштқалъаро ифо мекард.
Манбаъ меафзояд, ӯ дар давраи фаъолияти кориаш, аз моҳи майи соли 2019 то моҳи апрели соли 2021 бо истифода аз ваколати мансабӣ сад cap чорвои майдаи шохдори мавзеъи ҷангалпарварии ноҳияро, ки барои парвариш ва нигоҳубин дар ихтиёраш дошт, аз худ намудааст.
Ҳамин тариқ аз ҷониби прокурори ВМКБ нисбати сокини Занинс бо моддаи 245, қисми 3, банди "а" парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида шуд.
Бо қарори суд номбурда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 1192 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 71, 520 сомонӣ таъйин шудааст.