ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҷорӣ кардани бонкдории исломӣ дар низоми молии Тоҷикистон чӣ гуна ҷараён дорад ва оё бонкҳое ҳастанд, ки дар ин шакл боз хоҳанд шуд, дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон коршиноси Бонки миллии кишвар хабар дод.
Қобили зикр аст, ки то 31 декабри соли 2021 дар низоми бонкии кишвар 1 бонки исломӣ ва 2 равзанаи бонкдории исломӣ амал мекард. Дар ҳоли ҳозир дархости дигаре барои табдили бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ вуҷуд дорад, ки дар ҳоли баррасӣ аст.
Шумораи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ, ки тибқи принсипҳои бонкдории исломӣ фаъолият мекунанд, дар охири соли 2021 ба 63 адад (5 филиал ва 58 маркази хизматрасонии бонкӣ) баробар аст.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии исломӣ ба 207,1 миллион сомонӣ, бақияи умумии сандуқи маблағгузорӣ 36,9 миллион сомонӣ, уҳдадориҳо 79,0 миллион сомонӣ, пасандозҳо 61,3 миллион сомонӣ ва сармояи тавозунӣ 128,0 млн. сомониро ташкил дод ва ҳамаи ин нишондиҳандаҳо дар соли 2021 тамоюли афзоишӣ доштанд.
Дар санаи ҳисоботӣ натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои молиявии қарзии исломӣ 4,3 миллион сомонӣ фоида ба даст овард, ки нисбат ба охири соли 2020 21,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар давоми панҷ соли охир Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ беш аз 25 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул кардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон низ дар таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, аз ҷумла дар соҳаи андозбандии амалиёти бонкии исломӣ, ки аз ҷониби президенти кишвар моҳи декабр ба имзо расида буд, бевосита фаъолона иштирок намуд.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони низоми бонкӣ дар соҳаи бонкдории исломӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд (бо ҷалби ширкати консалтингии IFAAS) семинару вебинарҳо ташкил намуд.
Дар доираи тренинг зиёда аз 2,5 ҳазор нафар мутахассисон аз бахшҳои бонкӣ ва суғурта фаро гирифта шуда, ба зиёда аз 1 ҳазор нафар иштирокчиёни фаъол сертификатҳои ширкати консалтингии байналмилалии IFAAS супурда шуданд.