ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Паҳншавии Эътилофи Атлантики Шимолӣ ба Шарқ сабаб шуд, ки вазъи феълӣ дар Украина рух диҳад.
Дар ин бора Саиди Хатибзода, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон дар суҳбат бо РИА "Новости" хабар додааст.
"Мо фикр мекунем, решаи ҳар он чизе, ки мо феълан мебинем, паҳншавии НАТО ва нодида гирифтани воқеият, аз ҷумла масоили сиёсию амниятии Русия аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ мебошад", - таъкид кардаст Хатибзода.
Ӯ афзуд, ҳамчунин бархе созишномаҳо, ки даҳсолаҳо қабл баста шуда буданд, сарфи назар гардиданд.
Ба гуфтаи Хатибзода, буҳрони Украина наметавонад ба муносиботи стратегии Маскав ва Теҳрон халал ворид кунад. Ӯ гуфт, Эрон талош мекунад, муносиботи стратегӣ бо Русия ва равобити хуб бо Украинаро барои ҳалли мухолифат истифода намояд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.