ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Додгоҳи Олии Русия парвандаи эътирофи баталони "Азов"*-и Украинаро ҳамчун созмони террористӣ баррасӣ мекунад, хабар додааст Вазорати адлияи ФР.
Ба иттилои манбаъ, парванда дар мавриди иттиҳодияи миллатгарои низомии "Азов"-и Украина аллакай дар додгоҳ қарор дорад.
Мурофиаи додгоҳӣ дар мавриди террористӣ эълон кардани "Азов"* ва манъи фаъолияташ 26 май сурат мегирад, афзуд Вазорати адлия.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти низомии Русия, аллакай низомиёни украинӣ ва ҷангиёни "Азов" дар Мариупол ба таслимшавӣ оғоз кардаанд.
Таслимшавии ҷангҷӯёни воҳиди миллатгароёни "Азов"* ва низомиёни украинӣ, ки дар корхонаи "Азовстал" дар Мариупол муҳосира шуда буданд, 16 май оғоз гардида, тайи як рӯзи охир 265 ҷангҷӯ силоҳ ба замин гузоштанд, гуфт генерал Игор Конашенков, намояндаи Вазорати мудофиаи Русия.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре, ки ба ёрии тиббӣ ниёз дорад, ба бемористони Новоазовски Ҷумҳурии Мардумии Донетск фиристода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.