Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Боқирӣ, генерали эронӣ

Тоҷикистон ва Эрон зарурат ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбари Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Боқирӣ мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, мулоқоти Раҳмон бо намояндаи аршади артиши Эрон дар Қасри миллат пас аз зуҳри 17 май барпо шуд.

"Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд", - афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Марвид ба зикр аст, ки Муҳаммади Боқирӣ қабл аз ин бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо низ мулоқот ва ҳамкориҳои низомиро баррасӣ кард.
Генерали аршади Эронӣ гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар бояд илова бар барқарории амният дар марзҳо бо якдигар таомулу табодули назар дошта бошанд, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ, дуҷониба ва ҳамчунин табодули омӯзишу тавсеаи ҳамкории низомӣ перомуни мубориза бо терроризм бояд дар авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор гирад.
Тоҷикистон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эрониро оғоз кард
Вазири дифои Тоҷикистон аз тарҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо терроризм истиқбол карда гуфтааст, баргузории размоишҳои муштарак ва тавсеаи таҷҳизоти низомӣ аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистону Эрон аст.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар Душанбе корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини сохти Эрон “Абобил–2”-ро оғоз карданд.
Тоҷикистон ва Эрон размоиши муштарак доир мекунанд
Ҳавопаймои "Абобил-2" яке аз аввалин дастовардҳои ҳавопаймои бесарнишини Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки то имрӯз бо теъдоди зиёд истеҳсол шуда, ба ҷузъу томҳои гуногуни нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар додаву корбурд шудааст.
Гуфта мешавад, бурди амалиётии ин паҳпод 100 километр аст ва “Абобил -2” мудовимати парвозии 75 то 120 дақиқаро дорад. Ҳамчунин суръати ниҳоии ин паҳпод 220 киллометр дар соат аст.