Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров дар бораи тӯл додани низоъ ва музокирот бо Украина

Вазири умури хориҷии Русия муътақид аст, ки Украина дар аъмолаш мустақил нест ва агар Киев чунин ҳам фикр кунад, амалан идора дар дасти Ғарб мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ дар шароити феълӣ омода нестанд, ки ба Украина кафолати амният диҳанд.
Ин нуқтаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия зимни ҳамоиши маърифатии "Уфуқҳои нав" изҳор дошт.
Ба гуфтаи Лавров, музокирот миёни Маскав ва Киевро мехоҳанд тӯл диҳанду аз ин ҳисоб талош доранд, ба Русия зиён расонанду онро заиф созанд.
"Аз манобеи гуногун маълумот гирифта истодаем, ки музокиракунандаҳои украинӣ дар амали худ мустақил нестанду ҳаракаташонро аз Вашингтон ва Лондон идора мекунанд. Онҳо мехоҳанд, низоъ тӯл кашад, фикр мекунанд, ҳар қадаре он бештар давом кунад, осеби зиёдтар ба низомиёни Русия мерасонанд", - гуфт вазир.
Лавров афзуд, Украина дар пешбурди сиёсаташ мустақил нест ва агар Киев чунин ҳам фикр кунад, амалан идора дар дасти Ғарб аст.
"Поёни ҳар ҷанг сулҳ аст": изҳороти Песков дар "Уфуқҳои нав"
Вай таъкид кард, ки Украина василаи масрафшавандае дар дасти Ғарб аст, ки дар ҷанги гибридӣ алайҳи Русия истифода мешавад.
"Ангилсҳо, амрикоиҳо, президентҳо, сарвазирҳо, вазирҳо изҳор медоранд: "Мо ҳақ надорем, пирӯзии Русияро иҷоза диҳем, бояд шикаст хӯрад. Яъне ҷанг аз ҷониби онҳо аллакай эълон шудааст, ки на миёни Русия ва Украина, балки байни Русия ва Ғарб", - гуфт Лавров.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.