ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Додгоҳҳои вилояти Суғд тайи як соли охир барои ба фарзандхонӣ қабул кардани 319 кӯдак ҳалнома баровардаанд.
Дар ин бора Мадинахон Салимзода, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоят иттилоъ дод. Аъзои Шӯро иҷрои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи Салимзода, барои татбиқи қонуни зикршуда дар 18 шаҳру навоҳии Суғд1600 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Аз ин шумора 138 адад дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 360 адад мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, 1168 адад дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъол аст.
Вай изҳор дошт, ки соли 2021 ба унвони комиссияҳо 1660 аризаи хаттӣ, 2522 адад муроҷиати шифоҳӣ, 1663 адад мактуб вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ворид гардиданд.
Таъкид шудаст, ки дар пайи гирифтани муроҷиатҳо 157 ҷаласаи комиссияҳо баргузор шуда, дархостҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷа бар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо 118 нафар кӯдак ба васоят ва 76 нафар ба парасторӣ гирифта шуда, дар асоси халномаҳои судӣ 319 кӯдак ба фарзандхондӣ қабул гардиданд, афзуд Салимзода.