Илон Маск кори ҳукумати Байденро танқид кард

Соҳибкор ва яке аз сарватмандтарин шахси ҷаҳон Илон Маск гуфтааст, ки президенти ҳақиқии Амрико нафарест, ки телесуфлёрро идора мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ ва муассиси ширкати "SpaceX" Илон Маск дар бораи Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико гуфт, президенти ҳақиқии Амрико нафарест, ки телесуфлёрро идора мекунад
“Президенти воқеӣ нафарест, ки телесуфлёрро идора мекунад. Роҳ ба сӯйи қудрат ин роҳ ба сӯйи телесуфлёр аст", - иттилоъ додааст шабакаи телевизионии "Fox" дар истинод ба суханони Маск зимни подкасти "All-In".
Ба андешаи ӯ, ҳукумати Байден тавоноии кам дорад. Аммо дар ҳайати дастаи президенти собиқи Доналд Трамп нафарони зиёде буданд, ки медонистанд чӣ гуна самаранок кор кунанд.
Дар Амрико ба ҳоли Байден хандиданд
Ба гуфтаи соҳибкори номдор, Ҳизби демократӣ аз ҳад зиёд аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва ҳуқуқшиносони додгоҳӣ назорат мешавад.
“Вақте ки демократҳо бар хилофи "манфиатҳои мардум" иқдом мекунанд, ин одатан бо даъватҳои ҳуқуқшиносон ва иттифоқҳо вобастааст”, - афзуд ӯ.
Тавре Илон Маск бовар дорад, таваррум дар Иёлоти Муттаҳида ба далели он афзоиш ёфтааст, ки ҳукумат "назар ба он пули дар ихтиёр доштааш чопи онро зиёдтар кард".
"Маълум аст, ки шумо наметавонед танҳо пул чоп кунед", - гуфт ӯ.
Соҳибкор дар навбати худ ба “иқтисоди ҳақиқӣ”, ки ба ақидаи ӯ, “истеҳсоли мол ва хидматрасонӣ” аст, ишора кард.