ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Думаи давлатии Русия Созишнома дар бораи салоҳият ва кумаки ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои марбут ба ҳузури муваққатии нерӯҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД-ро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода, зикр намудааст, ки созишномаи мазкур моҳи сентябри соли 2021 аз ҷониби сарони кишварҳои узви СААД дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Ба иттилои манбаъ, созишнома механизми таҳқиқи ҷиноётеро муқаррар кардааст, ки аз ҷониби иштирокдорони воҳиди фиристодашуда дар кишвари мизбон содир мешаванд. Инчунин шеваи ҳамкорию кумаки ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст.
Дар зимн таъкид шудааст, ки дархости расондани ёрии ҳуқуқӣ метавонад рад карда шавад, агар расондани чунин кумак метавонад бар зарари амният, дахлнопазирӣ ва ё хилофи қонунгузории миллӣ бошад.
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.