Қосим-Ҷомарт Тоқаев вориди Маскав шуд

Раисҷумҳури Қазоқистон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди пойтахти Русия шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи якшанбе барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки 16 май дар Маскав баргузор мешавад, вориди пойтахти Русия шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии президент.
Ахиран Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки нишасти сарони кишварҳои узви СПАД рӯзи 16 май дар Маскав баргузор мешавад ва ширкаткунандагони он дар як субҳонаи корӣ мулоқоту гуфтугӯ хоҳанд кард.
“Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СПАД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуданд”, - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии раисҷумҳур.
Бояд қайд кард, ки президенти Тоҷикистон низ дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД ширкат хоҳад кард.
Раҳмон аз Маскав боздид мекунад
Сафари раисҷумҳури кишвар ба Маскавро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуотии президент тасдиқ карданд.
Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки Раҳмон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот мекунад ё на.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл таъкид кард, ки баъд аз нишасти сарони СПАД раҳбари Русия тасмим дорад, як силсила музокирот анҷом диҳад.
Қаблан гуфта мешуд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзи нишаст бо Александр Лукашенко, ҳамтои белорусаш мулоқот мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд (Ӯзбекистон) таъсис ёфтааст.