ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи 16 май барои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаии ин кишвар ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Дар ин бора "Iran.ru" хабар дода, зикр намудааст, ки оқои Боқириро дар ин сафар як ҳайати баландпояи низомӣ ҳамроҳӣ мекунад.
Манбаъ афзуда, сафари Боқирӣ ба Тоҷикистон бо даъвати вазири дифоъ Шералӣ Мирзо сурат мегирад.
Қарор аст, геренар-майори Эрон бо шахсиятҳои баландпояи сиёсӣ ва дифоии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаиро баррасӣ кунад.
Илова бар ин Боқирӣ аз пойгоҳҳои низомӣ ва мавзеъҳои дифои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Қаблан роҳбарони ҳафт шаҳри бузурги Эрон ба Душанбе омада буданд ва вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо онҳо дидору мулоқот намуда буд.