ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД гуфт, созмони мазкур бояд барномаи муштаракро барои рафъи оқибатҳои "ҷангҳои таҳримӣ"-ро таҳия намояд.
"Нигаронии бузурги мо мавҷи таҳримҳост. Иқтисоди Қирғизистон то ҳол аз пандемияи коронавирус берун наомадааст ва ҳолати ҷорӣ намудани таҳримҳо аллакай ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, суботи макроиқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ таҳдид мекунад”, - гуфт Ҷабборов.
Вай инчунин таъкид кард, ки дар ин шароит зарурати баррасӣ ва таҳияи равишҳои муштарак барои коҳиш додани оқибатҳои таҳримҳо ва пешгирии оқибатҳои бади вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои мо зарур аст.
Вай афзуд, имкон дорад, ин масоил дар Бишкек, дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё ва нахустин Анҷумани иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шавад.
"Ман аз ширкати шахсии шумо бо роҳбарии ҳайатҳоятон умед дорам", - афзуд Ҷабборов ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон баргузор гардида истодааст.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.