ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, муҳим хонд, ки зарфиятҳои СААД дар баробари хатару ҷолишҳои муосир таҳким бахшида шавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронияш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав, изҳор дошт, ки бояд ҳамоҳангию эътимод дар дохили созмон густариш дода шавад.
Вай дар идома аз вазъи Афғонистон зикр намуда, изҳор дошт, ки тайи чор даҳсолаи охир омилҳои вахимкунандаи вазъ дар ин кишвар афзоиш ёфтаанд.
СААД бояд ба раванди гуногуни ҳаводис дар марзҳои ҷанубии созмон омода бошад, таъкид намуд Раҳмон.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон баргузор гардида истодааст.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.