ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иловаҳо ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро қабул карда, идҳои навро зам намуд.
Сарвиноз Маҷидзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон тавзеҳ дод, ки 15 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вориди тақвими Тоҷикистон низ шуд.
Вай таъкид намуд, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад.
Вакили мардумӣ дар мавриди иди дигар изҳор дошт, ки он 1 июн ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти давлатии назорати маводи нашъаовар мебошад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор саҳми бузург дошта, инро созмонҳои байналмилалӣ низ эътироф кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи соли равон низ аз ҷониби палатаи болоии парлумон ва президенти Тоҷикистон тағйирот ба қонун дар бораи рӯзҳои ид қабул гардид, ки бар асоси он 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайян карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Қонуни рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ шуда, бархе аз ҷашнҳои аҷдодӣ низ, аз қабили Меҳргону Сада эҳё гардидаанд.
Дар баробари идҳо, ки бидуни истироҳат таҷлил мегарданд, тоҷикистониён дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нави мелодӣ, Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, Рӯзи Конститутсия ва идҳои Рамазону Қурбон истироҳат доранд.