ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Украина дархости дигарбора барои интиқоли газ аз тариқи гузаргоҳи "Сохрановка"-ро рад карда, феълан таъминот аз тариқи "Суҷа" амалӣ шуда истодааст.
Дар ин бора намояндаи расмии "Газпром", Сергей Куприянов ба хабарнигорон иттилоъ дода, афзуд, ки интиқоли газ аз рӯи ҳаҷми тасдиқкардаи Украина таъмин шуда истодааст. Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод барои рӯзи 15 май 62,7 млн метри мукаабро ташкил медиҳад.
Куприянов гуфт, Украина барои интиқоли гази Русия аз тариқи қаламраваш танҳо як роҳи баромад боқӣ гузоштааст.
"Боқӣ гузоштани танҳо як баромад барои интиқоли гази Русия ба Аврупо ба таври назаррас муътамадии таъминоти газро поин мебарад", - таъкид намуда буд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки идораи интиқоли гази Украина рӯзи 10-уми май ширкати "Газпром"-ро огоҳ кардааст, ки ба далели "форс-мажор" интиқоли газ аз тариқи нуқтаи "Сохрановка"-ро аз 11 май қатъ мекунад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, Маскав то ҳол шарҳи ҷониби Украинаро дар мавриди ҳолати "форс-мажор" зимни интиқоли газро дастрас накардааст. Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамеша уҳдадориҳояшро иҷро кардаасту дар оянда низ пойбанди онҳо хоҳад буд.
Намояндаи расмии "Газпром" гуфт, ширкат ҳаққи интиқоли газ аз тариқи қаламрави Украинаро пурра пардохт карда, уҳдадориҳояшро дар назди мизоҷони аврупоӣ иҷро намуда истодааст.