ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Агар НАТО воқеан изҳорот дар бораи имкони интиқоли силоҳи ҳастаӣ ба марзҳои Федератсияи Русияро амалӣ созад, Маскав чораҳои дахлдори эҳтиётиро меандешад. Дар ин бора, муовини вазири умури хориҷии Русия, Александр Грушко ба РИА Новости хабар додааст.
"НАТО дар асоси санади таъсисӣ ӯҳдадор шуд, ки сиёсати ҳастаии худро тағир надиҳад. Ва то ба наздикӣ ин риоя мешуд. Дар айни замон мо мебинем, ки вақтҳои охир изҳоротҳои зиёд ба даст омадаанд, ки НАТО омода аст, ки аз ин чораҳо даст кашад", - гуфт Грушко.
Муовини вазири умури хориҷа изҳороти дабири кулли НАТО Йенс Столтенбергро дар бораи интиқоли силоҳи ҳастаӣ ба марзҳои Русия ва инчунин суханони мақомоти Лаҳистон дар бораи омодагии онҳо ба қабули силоҳи ҳастаӣ мисол овард.
"Агар ин изҳорот амалӣ карда шаванд, албатта бояд бо андешидани чораҳои муносиб ҷавоби қатъӣ дод", - илова намуд Грушко.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати умури хориҷии Русия эълон кард, ки артиши рус дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина ният надорад, ки аз силоҳи ҳастаӣ истифода намояд
Алексей Зайтсев, муовини мудири Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, кишвараш дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина ният надорад, аз силоҳи ҳастаӣ истифода намояд.
"Мо борҳо маҷбур шуда будем, ки иғвоҳо дар бораи эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русия дар амалиёти вижаи низомиро рад кунем. Ин дурӯғи маҳз аст", - изҳор дошт Зайтсев дар нишасте дар шаҳри Маскав.
Вай афзуд, Русия қоидаҳоеро, ки “дар ҷанги ҳастаӣ касе ғолиб буда наметавонанд ва набояд аз он истифода кард”, қатъиян риоя мекунад.