Санаи баргузории ҳамапурсӣ дар бораи пайвастани Осетияи Ҷанубӣ ба Русия маълум шуд

Овоздиҳии умумиҳалқӣ, ки дар ҷараёни он шаҳрвандони Осетияи Ҷанубӣ масъалаи пайвастани ин ҷумҳурӣ ба Русияро ҳал хоҳанд кард, моҳи июн баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Раисҷумҳури Осетияи Ҷанубӣ Анатолий Бибилов фармонеро дар бораи баргузории ҳамапурсӣ имзо кард.
Сомонаи расмии президенти ин кишвар хабар медиҳад, ки раъйдиҳии умумихалқӣ барои вуруди Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ ба Русия рӯзи 17 июн баргузор мешавад.
"Дар бораи таъини раъйпурсии Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ аз рӯи саволи "Оё шумо аз муттаҳидшавии Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ ва Русия ҷонибдорӣ мекунед? Санаи баргузории раъйпурсӣ 17 июли соли 2022 муқаррар шудааст”, - омадааст дар фармони президент.
Қаблан Бибилов изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ на як бору ду бор чунин иқдомҳоро анҷом додааст ва пайвастан ба Русия хостори мардум аст.
Вай ҳамчунин бар зарурати муттаҳид кардани Осетияи Ҷанубӣ ва Шимолӣ дар марзҳои Русия изҳор дошт.
Ба гуфтаи раисҷумҳурр, мардуми осетин аз ҳам ҷудо шудааст ва ҳадафи таърихиву стратегии онҳо “муттаҳидшавӣ дар чаҳорчӯби як давлат” аст.
"Ин давлат Федератсияи Русия аст", - таъкид кард Бибилов.
Осетияи Ҷанубӣ метавонад бахше аз Русия шавад
Ёдовар мешавем, ки дар Осетияи Ҷанубӣ рӯзи 8 май интихоботи президентӣ баргузор шуд. Дар интихобот бештар аз 23,5 ҳазор нафар иштирок карданд. Интихобот баргузоршуда эълон шуд.
Дар анҷоми интихобот 68,2% иштироки раъйдиҳандагонро ташкил дод. Раҳбари ҳизби мухолифи Нихас Алан Гаглоев дар интихоботи президентӣ бо ҳисоби шумориши баргаҳои раъй пирӯз шуд, ки 54,2 дарсади интихобкунандагон ба тарафдории ӯ овоз додаанд.
Бибилов зимни нишасти матбуотӣ шикасти худро дар интихобот эътироф карда, рақиби худро бо пирӯзиаш табрик гуфт.