ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Дар Русия теъдоди садамаҳо бо иштироки ронандагони таксӣ, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, афзоиш ёфтааст.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 20 % бештар сабт гардидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, аксар садамаҳои нақлиётиро дар Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом медиҳанд.
Манобеи ТАСС бо истинод ба Вазорати умури дохилӣ хабар медиҳад, ки "973 садамаи нақлиётӣбоиштироки ронандаҳои таксӣ, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, сабт гардидааст".
Гуфта мешавад, дар ин садамаҳо 29 нафар ҳалок шуда, 1211 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
"Шумораи садамаҳо 19,7 % ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 17,9 %з зиёд шудааст", - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Зикр гардид, ки аз ҳама беш дар шаҳри Маскав садамаҳои нақлиётӣ бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ сурат мегиранд. Дар минтақаҳои дигари Русия ингуна ҳолатҳо камтар ба назар мерасад.
Манбаъ меафзояд, 689 садамаро маҳз шаҳрвандони Қирғизистон анҷом додаанд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок шуда, 845 нафари дигар ҷароҳатдор гардиданд.
Дар мақомҳои баъдӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор гирифтанд. Бо ҳузури таксиронҳои тоҷик 100 садама ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 95 садамаи дигар рух додааст.
Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти ВУД, дар соли 2021 дар Русия бо ширкати таксиҳои мусофирбар 3 ҳазору 703 садама рух додааст, ки нисбат ба як соли қабл 3,6% бештар аст.