Лавров: Наздикшавии Русия ва Шарқ ногузир аст

Вазири умури хориҷии Русия ба нокомии барномаи зиддирусӣ, ки кишварҳои ғарбӣ таҳти роҳбарии Вашингтон паҳн кардаанд, ишора намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Наздикшавии Русия бо шарикони берун аз Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида як раванди ногузири характери мутақобила мебошад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия зимни нишасти XXX Шӯрои сиёсати хориҷӣ ва дифоъ изҳор дошт.

"Муносибатҳои минбаъда бо ҳамфикрони мо берун аз "миллиардҳои тилоӣ"-и собиқ як раванди комилан ногузир аст ва табиати мутақобила дорад", - қайд намуд .

Аз ҷумла дипломат шарикии Маскав ва Пекинро, ки дар тамоми таърихи онҳо дар беҳтарин ҳолат қарор дорад, зикр намуд.
Илова бар ин, Лавров ба ҳамкориҳои стратегӣ бо Ҳиндустон, Алҷазоир ва Миср, муносибатҳо бо кишварҳои Халиҷи Форс низ ба сатҳи нав расида истодаанд, таъкид кард.
"Дар робита ба Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, бо дигар кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Шарқи Наздик, Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ низ ҳамин чиз рух медиҳад", - гуфт вазири корҳои хориҷӣ.
Лавров: Ғарб бо амалҳои ғоратгарона обрӯяшро резонд
Илова бар ин, дипломат ба сиёсатмадорони Ғарб муроҷиат кард, то бифаҳманд, ки кӯшишҳои дар инзиво гузоштани Русия маҳкум аст.
Бисёре аз коршиносон, ба гуфтаи Лавров, аллакай инро эътироф мекунанд, вале онҳо дар ин бора бо овози баланд ҳарф заданро аз нигоҳи сиёсӣ нодуруст медонанд.
Ёдовар мешавем, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд. Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.