"Tajikistan Fashion Week" дар Душанбе бо иштироки тарроҳони кишварҳои ИДМ ва Аврупо - акс

Ахиран дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe" рӯзи 10 май мавсими 8-уми Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон - "Tajikistan Fashion Week" оғоз шуд
Sputnik
Дар "Tajikistan Fashion Week" тарроҳон аз кишварҳои ИДМ ва Аврупо иштирок доштанд.
Рӯзи аввал миёни меҳмонон, намояндагони вазорату идораҳо, тарроҳони маъруфи хориҷӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, ситораҳои эстрада ва хабарнигорони ВАО ҳузур доштанд.
Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо намоиши маҷмуаи сарулибоси ҷолиби тарроҳ Умед Кучкалиев оғоз ёфт.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи мӯд бо ибтикори итттиҳодияи эҷодии T&Z ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ созмон дода шудааст.
"Tajikistan Fashion Week" аз соли 2018 гузаронида шуда, ҷиҳати хоси мавсими ҳаштум дар он ифода меёбад, ки дар ҳафтаи имсола роҳбарони ҳафтаи мӯди кишвраҳои узви ИМД ва Аврупо иштирок доштанд.
Нахустин мавриди иштироки Тоҷикистон дар “UzTextile Expo Spring”
Дар доираи "Tajikistan Fashion Week" тарроҳони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Фаронса ва Марокаш маҷмуаи нави сарулибоси худро ба маърази тамошо мегузоранд.
Дар "Tajikistan Fashion Week" инчунин намояндагони тамғаҳои маъруфи ҷаҳон, ки ба истеҳсоли сарулибос машғуланд, иштирок доштанд.