ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки 15 май ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мешавад, ки бинобар ин ҳаракати нақлиёт дар бархе аз онҳо масдуд хоҳад шуд.
Бино ба қарори Рустами Эмомалӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе манъ карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудияти ҳаракат се соат- аз 08:00 то 10:00 гуфта шудааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ чораҳои мушаххаси мақсаднокро барои бехатарии ҳаракати шаҳрвандон роҳандозӣ намояд.
Рустами Эмомалӣ шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанберо низ муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ дар саросари кишвар таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз аз мақомдорон то сокинони оддии кишвар масофаи муайянеро тай хоҳанд кард.