ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Нархи гарони нерӯи барқ ва таварруми баланд метавонанд нақшаҳои сокинони Аврупоро, ки мехостанд, дар фасли тобистон ба истироҳатгоҳҳо раванд, хароб кунад, менависад рӯзномаи "The Wall Street Journal".
"Онҳо умедворанд, ки ин тобистон пандемия ба истироҳати онҳо дар соҳилҳои кишварҳои ҷануби Аврупо монеъ намешавад. Ин иқдом ба рушди иқтисоди кишварҳо мусоидат хоҳад кард", - таъкид кардааст муаллифи мақола.
Ба гуфтаи ӯ, дар вилоят арзиши манобеи энержӣ тақрибан 40 дарсад афзоиш ёфта, аммо маоши онҳо дар ҳамон сатҳи пешина боқӣ мондааст, ки ин дар навбати худ боиси коҳиши қобилияти харидории мардум шудааст.
Тавре иқтисоддонҳо қайд мекунанд, аврупоиҳо метавонанд аз хариди амволи гаронбаҳо даст кашанд, вале мехоҳанд, ба соҳили баҳр бираванд, ки ба далели пандемия ин коррро давоми ду сол натавонистанд анҷом диҳанд.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина ба Русия фишорҳои иқтисодӣ оварданд. Тадобири зиддирусии Ғарб пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологи муосир рабт доштанд. Бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ дар ин мамлакат фаъолияти худро катъ кардаанд.
Бо вуҷуди ин вайрон кардани занҷирҳои интиқоли молу маҳсулот боиси мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо ва ИМА гардид. Ба ин тартиб таваррум солона дар нуздаҳ кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, тибқи арзёбиҳои муқаддамотии Кумитаи омори Аврупо, дар моҳи апрел ба 7,5 дарсад расид, дар ҳоле ки як сол пеш ин рақам ҳамагӣ 1,6 дарсад буд.