ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи сахт ба вуқуъ пайваст.
Заминҷунбӣ пас аз зуҳри 12 май, тахминан соати 15:28 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт. Давомнокии заминҷунбӣ панҷ дақиқа гуфта шуд, вале сокинони биноҳои баландошёна мегӯянд, шиддати он ба ҳадде сахт буд, ки "хаёл карданд, хонаҳо чаппа мешаванд".
То ин вақт дар мавриди хисороти молӣ ва ё талафоти ҷонӣ маълумоте рӯйи даст нест. Баъзе аз марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон маркази заминҷунбиро Бойсуни Ӯзбекистон гуфтанд ва шиддати онро то шаш дараҷаи Рихтер арзёбӣ карданд.
Қувваи заминҷунбӣ дар шаҳри Душанбе, навоҳии Суғду Хатлон баръало эҳсос шуд.
Фарҳод Камолов, як сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақти заминҷунбӣ машғули кори идорааш (офис) буд ва ларзидани дару тирезаро баръало мушоҳида кардааст.
"Идораи мо дар ошёнаи 10-уми бино ҷойгир аст. Одатан дар баландӣ заминҷунбӣ зудтар эҳсос мешавад. Мо заминҷунбиро эҳсос кардем. Хушбахтона, ҳама ҷо тинҷу ором аст", - гуфт ин сокини Хуҷанд.
Дар ҳамин ҳол сокинони дигар навоҳии Суғд низ дар бораи заминҷунбӣ изҳор намуданд.
Умед Саидов, як сокини шаҳраки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ҳарчанд заминҷунбӣ чандон шиддатнок набуд, вале баъзеҳо аз ҳол эҳсоси нороҳатӣ карда, худро аз назди биноҳои ошёнадор канор гирифтанд.
Дар шаҳраки Ғафуров умдатан сокинон дар биноҳои ошёнадор иқомат мекунанд.
Зимнан масъулони идораи зилзиласанҷии кишвар маҳалли заминҷунбӣ ва дараҷаи онро шарҳ надодаанд.
Заминларза дар Тоҷикистон ба далели кӯҳистонӣ будани кишвар як чизи маъмулӣ аст.