ДУШАНБЕ, 12 май— Sputnik. Вилояти Херсон ният дорад, ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо дархости ворид шудан ба ин кишвар пас аз анҷоми тамоми равандҳои ҳамгироӣ муроҷиат кунад, гуфт Кирилл Стремоусов, муовини раиси мудирияти низомиву шаҳрвандии вилоят ба хабаргузории РИА "Новости" .
Қаблан Стремоусов ба хабарнигорон гуфта буд, ки мақомоти вилояти Херсон аз раисҷумҳури Русия дархост хоҳанд кард, ки ин минтақаро ба қисме аз Русия табдил диҳад.
"Замони таҳияи муроҷиат ҳанӯз мушаххас нашудааст. Аммо ин масъалаи чанд рӯзи оянда нест, балки ояндаи наздик аст. Ҳамин ки мо тамоми равандҳои ҳамгироиро ба анҷом расонем ва ҳамаҷониба барои минтақаи комилҳуқуқи Федератсияи Русия шудан омода гардем, фавран ба президенти Русия муроҷиат хоҳем кард", - гуфт Стремусов.
Ба гуфтаи ӯ, самти афзалиятнок бунёди тамоми сохтори қудратӣ, барқарорсозии соҳаи иқтисод ва ҳаёти минтақа, гузаштани пурра ба меъёрҳои қонунгузории Русия мебошад.
Стремоусов таъкид кард, ки ҳоло корҳо барои барқарор кардани иқтисод идома доранд, системаи нави идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, молиявӣ ва нафақа сохта шуда, механизмҳои гирифтани шаҳрвандии Русия коркард мешавад.
Артиши Русия дар як амалиёти вижа барои ғайринизомисозии Украина тамоми вилояти Херсон дар ҷануби ин кишвар ва бахши Азови вилояти Запорожро таҳти назорат гирифт. Дар ин қаламравҳо мудирияти низомии шаҳрвандӣ ташкил карда шуда, пахши барномаҳои телевизион ва радиои Русия оғоз гардида, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Дабири Шӯрои генералии "Русияи воҳид" Андрей Турчак қаблан гуфта буд, ки Русия барои ҳамеша ба вилояти Херсон омадааст ва набояд дар ин бора шакке бошад. Ҳамзамон раҳбари маъмурияти вилоят Владимир Салдо таъкид кард, ки вай аллакай қисми ҷудонашавандаи оилаи бузург - Федератсияи Русия мебошад.