ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Амалиёти “Автобус” ва “Ҳавои тоза - гарави саломатии инсон” аз санаи 10 то 25 май дар саросари кишвар гузаронида мешавад.
Мақомоти БДА бо нашри як эълон, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, аз соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки ба фаъолияти мусофирбарӣ машғуланд, хостааст, қоидаи бозистӣ ва гирифтани мусофирон мутобиқи меъёрро риоят кунанд.
“Инчунин насби ғайриқонунии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои равшанидиҳандаи ғайристандартӣ, интишори ғайриқонунии реклама, муайян намудани ронандагоне, ки бе рақами қайди давлатӣ ё рақамҳои қайди давлатии бегона ва бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофирбарӣ машғуланд, огоҳ карда мешавад”, – омадааст дар иттилоия.
Дар заминаи ин эълон БДА ҳамчунин аз баргузории амалиёти дигари экологӣ хабар додааст.
Амалиёти саросарии “Ҳавои тоза - гарави саломатии инсон” аз санаи 15 то 25 майи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Мақомоти БДА ҳадафи баргузории онро риояи талаботи ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз олудашсозии атмосфера аз ҳисоби ихроҷи газҳои зараровари воситаҳои нақлиёт арзёбӣ карда, аз ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт даъват кардааст, ки дар замони баргузории амалиёт ва баъд аз он низ ин талаботро риоя кунанд.