ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Тоҷикистон ба қатъномаи Кумитаи минтақаии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶТ) дар Аврупо, ки пешниҳоди омӯзиши имкони интиқоли дафтари ин созмон барои мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ба хориҷ аз Русияро дорад, раъй дод, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ҳоло ин идора дар Маскав ҷойгир аст. Сессияи махсуси кумита бо талаби 43 давлати аъзои Бюрои аврупоӣ даъват карда шуд ва худи лоиҳаи қатъномаро бештар аз 35 мамлакати аъзо ба миён гузоштанд.
Барои тасвиби тарҳи қатънома кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ҳамчунин Украина, Гурҷистон, Туркия, Молдова ва Исроил раъй доданд.
Бо он Тоҷикистон, Русия ва Беларус мухолифат карданд. Қазоқистон ва Арманистон бетараф монданд.
Дар натиҷа лоиҳаи қатънома бо вуҷуди ин қабул карда шуд. Илова ба кӯчонидани дафтари бемориҳои сироятии ин созмон, ҳамчунин ин санад ба имкони боздоштани ҳама вохӯриҳо, конфронсҳо ва семинарҳои минтақаӣ дар Русия то ҳалли мусолиматомези муноқишаи байни Федератсияи Русия ва Украина, ки ҳайати онҳоро Дафтари аврупоии ТУТ муайян менамояд, даъват мекунад.
Дар ин ҷаласа муовини вазорати тандурустии Федератсияи Русия Андрей Плутнитский суханронӣ кард. Вай изҳор дошт, ки ин қатънома барои қонеъ кардани амбитсияҳои сиёсии баъзе кишварҳои минтақа сохта шудааст.
Намояндаи Русия гуфт, ки ба қабули лоиҳаи қатъномаи пешниҳодшуда қатъиян мухолифем, ки он ба халалдор кардани фаъолияти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар фазои Авруосиё нигаронида шудааст.
"Қабули он ногузир боиси маҳдуд шудани барномаҳои расондани ёрии тиббӣ ба мамлакатҳои манфиатдор, барҳам додани ҳамкорӣ барои таъмини саломатии аҳолии минтақаи аврупоии СҶТ ва тамоми ҷаҳон мегардад, ки ин ба талаботи оинномаи созмон комилан мувофиқ нест", — гуфта Плутнитский дар паёмаш.
Вай ҳамчунин афзуд, таътили дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон хисороти мустақим мерасонад.
Қабули он боиси маҳдуд шудани программаҳои расондани ёрии тиббӣ ба мамлакатҳои манфиатдор, барҳам додани ҳамкорӣ ба манфиати таъмини саломатии аҳолии минтақаи аврупоии ТУТ ва тамоми ҷаҳон мегардад, ки ин ба талаботи ТУТ комилан мувофиқ нест.