ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Сокинони Херсон аз Русия як бахши нави кумакҳои башардӯстона гирифтанд. Он аз ҷониби низомиёни Русия расонида шуд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, ихтиёриён дар тақсими маводи ғизоӣ дар маҳал кумак расонданд.
Дар ҳамин ҳол генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Ситоди ҳамоҳангсозии байниидоравии Русия оид ба вокунишҳои башардӯстона гуфт, Русия аллакай ба Украина тақрибан 19 ҳазор тонна кумаки башардӯстона интиқол додааст.
"Аз 2 марти соли 2022 Федератсияи Русия ба Украина аллакай 18 ҳазору 790,1 тонна маводи зарурӣ, маводи ғизоӣ, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ интиқол дода, 990 амали башардӯстона анҷом додааст", - гуфт ӯ.
Генерал тавзеҳ дод, ки тайи як рӯзи гузашта дар вилояти Харков ду маърака баргузор шуда, дар ҷараёни он ба аҳолӣ 76 тонна маводи зарурӣ ва маводи ғизоӣ супурда шудааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.