ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Теъдоди осебдидагони сӯхтор дар нуқтаи таъмини сӯзишворӣ дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба панҷ нафар расид.
Дар ин бора Дилафрӯз Ҳасанова, муовини сартабиб дар умури табобатии шифохонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гуфти ӯ, касоне ки дар пайи ин оташсӯзӣ маҷруҳ шудаанд, Абдураҳмон Неъмонзодаи 17-сола, Рустам Наврӯзови 37-сола ва Ворис Мунавварови 19-сола, кормандон ва таҷрибаомӯзони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошанд.
Ҳамчунин Парвиз Абдурозиқзодаи 27-сола, сокини маҳаллаи Сари Баланди шаҳри Хуҷанд ва Ёқубзода Маҳмадюсуфи 28-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, корманди идораи сӯхторнишонӣ аз осебдидагони дигари ин ҳодиса ба ҳисоб мераванд.
"Неъмонзода, Наврӯзов ва Мунавваров дар шуъбаи эҳёи шифохона бистарӣ буда, вазъи саломатиашон вазнини миёна арзёбӣ мешавад. Хушбахтона, инҳо ба суолҳо пурра ҷавоб дода метавонанд ва таби баланд надоранд", - изҳор намуд Ҳасанова.
Бино ба иттилои манбаъ, Абдурозиқзода ва Ёқубзода бинобар кам будани дараҷаи осебашон ба табобати амбулаторӣ ҷалб карда шудаанд.
Бино ба иттилои идораи сӯхторнишонии Суғд, сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ҷамшед”, воқеъ дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шоми 10 май, соати 19:40 дақиқа рух додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сӯхтор ба беш аз 60 метри мураббаъ доман паҳн намудааст.
Сабабҳои ибтидоии рух додани ин ҳодисаро мақомот вайрон намудани қоидаи бехатарии пешгирӣ аз сӯхтор арзёбӣ мекунанд.
Бино ба гуфтаи манобеъ, дар вақти холӣ кардани бензин аз мошини "Газ-53" таркиш ба амал омадааст, ки дар натиҷа ҳам мошини интиқолдиҳандаи маводи сӯхт ва ҳам таъмингоҳи сӯзишворӣ ба коми оташ рафтааст.
Кормандони идораи сӯхторнишонӣ бо сафарбар намудани мошинҳои махсуси обпош оташро иҳота намуда, давоми як соат пурра алангаи онро хомӯш намудаанд.
Зимнан сабабҳои аслӣ ва ҳаҷми зарари расида аз ин ҳодисаро мақомот таҳқиқ мекунанд.