Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Мақомоти Херсон гуфтанд, чаро вилоят бе раъйпурсӣ вориди Русия шуданист

Далели худдории мақомдорони вилояти Херсон аз баргузории раъйпурсӣ барои пайвастан ба Русия таҷрибаи Қрим дар соли 2014-ум гуфта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Нодида гирифтани раъйи мардуми Қрим дар соли 2014-ум аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ далели худдории мақомдорони Херсон барои баргузории раъйпурсӣ мебошад.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Кирилл Стремоусов, ноиби сардори ҳукумати низомӣ-шаҳрвандии Херсон хабар додааст.
Ба гуфтаи Стремоусов, мақомоти Херсон зимни як муроҷиатнома аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пайвастшавӣ ба ФР-ро талаб хоҳанд кард ва ҳич зарурате барои баргузории раъйпурсӣ нест.
"Бо назардошти он ки раъйпурсии қонунии баргузоршуда дар Қрим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул нашуд ва тамоми корро карданд, то Русия ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул накунанд", - афзуд ӯ.
Медведев: Дастгоҳи чопии Амрико дар талоши шикастани Русия худ хароб хоҳад шуд
Вай афзуд, интизор меравад, то охири соли равон вилоят ба минтақаи амали қонунгузории Русия ворид гардад.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия тамоми вилояти Херсон ва қисмати назди Азови вилояти Запорожро зери назорат гирифтанд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуда, ҳудудҳои Херсону Запорож бо Ҷумҳурии Халқии Донетск пайванд гардиданд.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард. Дар навбати худ роҳбари минтақа Владимир Салдо гуфт, вилоят аллакай қисми ҷудонашаванди Русия мебошад.