ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Мақомоти вилояти Херсон бо як муроҷиатнома унвонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ворид шудан ба қаламрави ФР-ро дархост хоҳанд кард.
Дар ин бора ноиби раиси ҳукумати низомӣ-шаҳрвандии Херсон Кирилл Стремоусов хабар дод.
"Херсон ин Русия аст, ҳич гуна Ҷумҳурии Халқии Херсон нахоҳад буд, раъйпурсӣ намешавад. Як фармони воҳид бар асоси муроҷиати роҳбарияти вилояти Херсон ба президенти Русия хоҳад буд", - таъкид кард ӯ.
Стремоусов таъкид намуд, ки дархост воридшавии Херсон ба қаламрави Русияро дар бар хоҳад гирифт.
Вай афзуд, ки интизор меравад, то охири соли равон вилоят ба минтақаи амали қонунгузории Русия ворид гардад.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия тамоми вилояти Херсон ва қисмати назди Азови вилояти Запорожро зери назорат гирифтанд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудаст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуда, ҳудудҳои Херсону Запорож бо Ҷумҳурии Халқии Донетск пайванд гардиданд.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард. Дар навбати худ роҳбари минтақа Владимир Салдо гуфт, вилоят аллакай қисми ҷудонашаванди Русия мебошад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.