Шарҳи Кремл дар бораи иқдоми Украина алайҳи интиқоли газ ба Аврупо

Кремл гуфт, Русия ҳамеша уҳдадориҳои худро бар асоси созишномаҳо иҷро кардаасту ният дорад, ки дар оянда низ аз ин шева кор бигирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Русия то ҳол шарҳи ҷониби Украинаро дар мавриди ҳолати "форс-мажор" барои интиқоли газро дастрас накардааст, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР.
Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамеша уҳдадориҳояшро иҷро кардаасту дар оянда низ пойбанди онҳо хоҳанд монд.

"Украина дар бораи ҳолати "форс-мажор" гуфтааст, аммо ҳич огоҳию тавзеҳи онро пешниҳод накардааст", - изҳор дошт сухангӯи Кремл.

Дар мавриди он ки оё Русия ният надорад, ки роҳҳои дигари интиқолро ҷӯяд, то уҳдадориҳоро дар назди мизоҷони аврупоӣ пурра иҷро кунад, Песков таъкид намуд, ки ба ин суол "Газпром" посух хоҳад гуфт.
Ин дар ҳолест ки намояндаи расмии "Газпром" Сергей Куприянов ахиран гуфт, ширкат ҳаққи интиқоли газ аз тариқи қаламрави Украинаро пурра пардохт карда, уҳдадориҳояшро дар назди мизоҷони аврупоӣ иҷро намуда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки идораи интиқоли гази Украина рӯзи 10-уми май ширкати "Газпром"-ро огоҳ кардааст, ки ба далели "форс-мажор" интиқоли газ аз тариқи нуқтаи "Сохрановка"-ро аз 11 май қатъ мекунад.
"Газпром" гуфт, уҳдадориҳояшро назди мизоҷон пурра иҷро мекунад
Ҳамзамон аз ширкати "Нафтогаз"-и Украина низ огоҳинома гирифта шудааст, ки дар сурати идомаи интиқоли газ аз ҷониби Русия ба нуқтаи "Сохрановка" ҳаҷми интиқоли газ дар нуқтаҳои баромади он мутаносибан кам карда мешавад.
Ҷониби Украина пешниҳод кардаст, ки ҳаҷми интиқол аз тариқи нуқтаи "Суҷа" зиёд карда шавад.
Аммо ҷониби "Газпром" мегӯяд, аз рӯйи тарҳи интиқолӣ, аз нигоҳи технологӣ, имкон надорад, ки интиқоли газ ба нуқтаи "Суҷа" гузаронда шавад ва созишномаи ҳамкорӣ аз моҳи декабри соли 2019-ро далел оварда, таъкид намудааст, ки ҷониби Украина аз ин хуб огоҳ аст.