ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар қиёс ба воридоти мол аз ин кишвари ҳамсоя ду баробар камтар аст.
Ба гузориши хабаргузории "Авеста", воридоти мол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба 93,3 млн доллар баробар шудааст, ки аз нишондоди содироти мол ба ин кишвар 48,5 млн доллар бештар аст.
Ин дар ҳолест, ки то соли 2019 содироти маҳсулот ба Ӯзбекистон нисбат ба воридот бештар буд. Дар ҳоли ҳозир тамоюли бартарии воридоти мол аз Ӯзбекистон дар қиёс ба содироти мол ба ин кишвар ҷой дорад.
Тайи солҳои охир муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон майли афзоиш дорад. Аз ҷумла соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 34,2% афзоиш ёфта, ба беш аз 447,8 миллион доллар расид.
Дар авоили солҳои 2000 Ӯзбекистон яке аз се шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ҳаҷми муомилоти мол миёни ин кишварҳо дар як сол беш аз 500 миллион долларро ташкил медод.
Қаблан гуфта шуда буд, колоҳои аслии Тоҷикистон, ки Ӯзбекистон мехарад, алюминийи аввалия, нерӯи барқ, намак, семент, оҳак ва ғайра мебошанд.
Дар мавриди воридот бошад, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ, гази табиӣ, асбобҳои рӯзгор, либос ва ғайра ворид мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 43% афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин муддат 901 млн долларро ташкил додааст.
Дар феҳристи колоҳои аслии воридотӣ ба Тоҷикистон дар ҷои аввал маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум қарор доранд, ки беш аз 18%-и ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳанд.