ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат!” таҷлил мегардад.
Таъкид шудааст, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон ташкили Фестивали дӯстии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони “Дунё пур аз ҷавонист” баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар ин рӯз озмуни “Дастони моҳир”, озмуни мақола ва иншои беҳтарин дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҷавонон”, ҳамоишҳои “Созандагиву ободкорӣ мароми мо, ҷавонон", “Мо - ҷавонон ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем”, “Тозагии соҳил - гарави саломатӣ”, “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” сурат мегирад.
Илова бар ин дар ин рӯз, тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ аз рӯйи намудҳои тенниси рӯйимизӣ, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол, гӯштини юнонӣ-румӣ, гӯштини камарбандӣ, камонварӣ, ҷудо, воллейбол, каратэ, бокс, футбол ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ахиран дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Суғд баргузор шуд, ки дар он чанди масоили муҳими ҷавонон баррасӣ шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд зимни суханрониаш дар ин ҷаласа гуфт, мақомоти вилоят барои татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон як қатор тадбирҳо андешида, пайваста дар самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ имкон фароҳам меоварад.