ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Тоҷикистон сар аз аввали соли ҷорӣ ба маблағи 78,7 миллион доллар пахта содир кардааст.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки кишвар, содироти пахта дар ин давра ба 31 ҳазор тонна расидааст, ки нисфи нақшаи пешбинишуди соли ҷориро ташкил медиҳад.
Дар мавриди ҷуғрофиёи содироти пахтаи тоҷик гуфта мешавад, онро асосан кишварҳои Аврупо ва Осиё мехаранд. Тибқи омор, дар соли 2021 388,8 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ шудааст.
Бояд гуфт, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 30 корхонаи саноати нассоҷӣ фаъолият мекунад. Зинан кишвар нақша дорад, ки минбаъд содироти маҳсулоти хомро ҳамасола ба таври қобили мулоҳиза коҳиш диҳад.
Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024, фурӯши пахтаи ватанӣ коҳиш меёбад.
Ҳамин тариқ дар 3 соли оянда ҳаҷми содирот 20 ҳазор тонна кам карда мешавад.
Ба асоси пешгӯии иқтисоддонҳо, дар соли 2022 содироти 60 ҳазор тонна нах, ба маблағи 89,9 миллион доллар дар назар аст.
"Ин рақам дар соли 2023 50 ҳазор тонна - 78,6 миллион доллар ва дар соли 2024 аллакай 40 ҳазор тонна - 66,1 миллион доллар хоҳад буд", - менависад хабаргузории "Авеста".
Бояд гуфт, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 30 корхонаи саноати нассоҷӣ фаъолият мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, иқтидори умумии коркарди онҳо дар як сол то 70 ҳазор тонна ашёи хом аст. Аммо дар баробари ин ҳамаи ин корхонаҳо соле ҳамагӣ 20 ҳазор тонна ашёи хомро коркард мекунанд.