Ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳӣ тавассути қатора дар Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳии “Душанбе - Ҳисор - Турсунзода” тавассути қатора хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ширкати сайёҳии “Шумон тур” дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази иттилоотию хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ”-и Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва дастгирии Мақомоти шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода дар масири “Душанбе - Ҳисор - Турсунзода” тавассути қатора хатсайри нави сайёҳӣ ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои манбаъ, бори нахуст тавассути ин хатсайри сайёҳӣ бо қатора муҳассилини мактабҳои шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, бо ёдгориҳои таърихӣ ва имконоти сайёҳии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода шинос гардиданд.
Хатсайри сайёҳии “Душанбе - Ҳисор - Турсунзода” хусусияти табиию экологӣ ва таърихию фарҳангӣ дошта, сайёҳон тавассути ин масир нахуст ба шаҳри Ҳисор рафта, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табии шаҳр, аз ҷумла, мамнуъгоҳи ”Қалъаи Ҳисор”, Маҷмаи фароғатию фарҳангии “Шаршара”-ро тамошо намуданд.
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни сайёҳат гардишгарон бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Турсунзода шинос гардиданд.
Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба сайёҳон дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик маълумоти ҷолиб ва мушаххасу муфассал пешниҳод менамоянд.
“Ташкили чунин хатсайрҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти сайёҳии кишвар мусоидат менамояд”, - таъкид кардааст Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки ширкати сайёҳии “Шумон тур” тасмим гирифтааст, минбаъд дар масири “Душанбе - Ёвон Бохтар - Кӯлоб” хатсайри сайёҳӣ тавассути қатора ба роҳ монад.