ММТ ба довталабон фурсати иловагии бақайдгирӣ медиҳад

Марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон, ки аз 20 то 30 июн сурат мегирад, танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои довталабон марҳилаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда шудааст.
Бар хабари оҷонсии "Ховар" бо истинод ба Маркази миллии тестӣ, аз 20 то 30 июн марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Дар Тоҷикистон муҳлати қабули довталабон ба донишгоҳҳо тамдид шуд
Манбаъ меафзояд, дар марҳилаи иловагӣ довталабоне, ки худро дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ, аз як март то 30 апрел номнавис карда натавонистанд, метавонанд номнавис кунанд.
Дар ММТ зикр намуданд, ки марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.
"Шахсони хоҳишманд бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд", - омадааст дар хабарномаи ММТ.
Қаблан, 30 апрел охирин рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо барои довталабон буд. Ёвари директори Маркази милли тестӣ Абдубосит Шодиниё изҳор дошта буд, ки то 25 апрел беш аз 89 ҳазор хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дозилшавӣ ҳуҷҷат супориданд.
Ёдовар мешавем, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо аз моҳи июл оғоз мешаванд. Хатмкунандагони мактаб имтиҳонҳоро дар ҳама шаҳру навоҳӣ имкони супоридан доранд.
Маълум аст, ки барои тасдиқи шахсияти довталабони имтиҳонҳо ташхиси изи ангушт гузаронида мешавад.