ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар боғи "Ғалаба"-и пойтахт маросими тантанавие баргузор шуд, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар бораи омодагии гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Баъди анҷоми суханронии раисҷумҳур ба поси хотири афсарону сарбозон маросими гулчанбаргузорӣ дар назди "Оташи ҷовидон" сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
Нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотири қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос дошт.
Ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе дар Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.
Сипас маросими тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар боғи "Ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.