Вакили Думаи давлатӣ хостори маҳдуд кардани кори хориҷиҳо дар Русия шуд

Вакили Думаи давлатии Русия, дар шароити хуруҷи ширкатҳои хориҷӣ аз бозори кишвар сахттар кардани сиёсати бахши муҳоҷиратро зарур донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Русия бояд вуруди муҳоҷиронро маҳдуд кунад, пешниҳод кард Андрей Алехин, узви Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо собиқадорони Думаи давлатии ФР.
Ба гуфтаи вай, дар шароити аз бозори Русия хориҷ шудани ширкатҳои хориҷӣ сиёсати муҳоҷиратро шадидтар кардан лозим аст. Ӯ афзуд, мақомот бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то мушкилоти бекорӣ то ҳадди имкон кам карда шаванд.
Вакил таъкид кард, ки ҳукумат дар ин бахш имкониятхои муайян дорад ва дар баробари додани имтиёзҳо барои тиҷорати хурду миёна, маҳдудсозии вурудид хориҷиёнро низ зикр намуд.
Алехин гуфт, дар Маскав ба фарқ аз Омск аттбои хориҷӣ зиёд кор мекунанд.
"Аз ҷумла колобарҳо, фаррошҳо, хидматрасонҳо, мусофиркашҳо аз хориҷа зиёданд. Дар ин шароит, бо назардошти вазъият, вуруди муҳоҷиронро маҳдуд кардан лозим аст", - гуфт ӯ.
Узви Думаи давлатӣ эътироф кард, ки ин тасмим метавонад бархе оқибатҳои манфӣ дошта бошад.
"Масалан, арзиши 1 метри мураббаъ манзил афзоиш хоҳад ёфт, зеро бисёре аз русиягиҳо ба кор дар шароите, ки хориҷиён мекунанд, розӣ нестанд", - иқрор шуд вакил.
Вай мисол овард, ки пандемияи коронавирус ва ба дунболи он хуруҷи муҳоҷирон аз Русия нишон дод, ки сокинони бумӣ барои ишғоли ҷои кори онҳо омода нестанд. Дар сохтмон ва дигар соҳахо камбуди коргар ба қайд гирифта шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар бархе вилоятҳои Русия барои қабули кормандони хориҷӣ дар бахше аз соҳаҳо маҳдуд карда шудаст.
Русия додани патент барои муҳоҷиронро содатар мекунад
Қаблан мақомоти Маскав низ аз нияти даст кашидан аз кори шаҳрвандони хориҷӣ изҳор дошта буданд. Аз ҷумла муовини шаҳрдор Андрей Бочкарев ташаббус нишон доду шаҳрдори Маскав Сергей Собянин онро дастгирӣ кард.
Вай дастур дод, ки теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо дар чаҳорчӯби барномаи навсозӣ коҳиш ёбад ва ҳамчунин хостори ҷалби шаҳрвандони Русия аз манотиқи дигар ба кор дар иншооти пойтахт шуд. Шаҳрдори Маскав ҳамчунин хост, шароити корӣ дар иншоотҳо беҳтар карда шавад.