ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар маҷмуъ аз қаламрави "Азовстал" 182 нафар берун оварда шуданд, хабар дод Ситоди мудофиаи ҳудудии ҷумҳурии халқии Донетск.
"Аз ҳудуди "Азовстал" дар шаҳри Мариупол 182 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ва солхӯрдагон берун оварда шуданд. Ҳамаи шаҳрвандони мулкӣ ба минтақаи аҳолинишини "Безимянное" оварда шуда, ба онҳо кумаки лозимӣ расонда шуд", - омадаст дар иттилоия.
Шаҳрвандоне, ки тасмим гирифтаанд ба минтақаҳои таҳти назорати Киев бираванд, ба намояндагони Созмони милали муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурх супорида шуданд.
Қаблан генерал-полковник Михаил Мизинтсев, сардори Маркази миллии идораи мудофиа аз анҷоми амалиёти гуманитарӣ дар "Азовстал" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳудуди корхона 51 нафар берун шуданд, ки 11 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Маврид ба зикр аст, нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки ин шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи миллатгароёни "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв шуд. Ӯ гуфт, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод шавад, ки силоҳро ба замин гузоранд ва таъкид намуд, ки бархӯрд бо онҳо бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегираду ба маҷруҳон кумак расонда хоҳад шуд.