ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҷараёни як амалиёти муштарак ҳудуди 500 нафарро аз корхонаи металлургии “Азовстал” дар Мариупол ва ҳамчунин аз худи Мариупол ва манотиқи ҳамсоя тахлия карданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба дабири кулли СММ Антониу Гутерреш хабар додааст.
"Дар ҷараёни амалиёти муштараки СММ ва Салиби Сурх ду корвон тақрибан 500-нафарӣ аз корхонаи "Азовстал", аз Мариупол ва манотиқи ҳамсоя бо долонҳои амн бомуваффақият ба берун оварда шудаанд", - навиштааст Гутерриш дар саҳифаи "Twitter"-и худ.
Замони эълони Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар соли 2014 Мариупол, ки ҳудуди 450 ҳазор аҳолӣ дорад, дувумин шаҳри бузурги ин ҷумҳурӣ пас аз Донетск буд, аммо дар моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина назорат бар Мариупол баргардониданд.
Рӯзи 7 март, пас аз 12 рӯзи оғози амалиёти вижаи Русия барои безараргардонии Украина муовини фармондеҳи баталони "Восток" Александр Семёнов эълом дошт, ки шаҳр муҳосира ва поксозии навоҳии алоҳидаи он шуруъ шудааст.
Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков рӯзи 16 апрел эълон кард, ки тамоми қаламрави шаҳр аз артиши Украина, зархаридони хориҷӣ ва миллатгароён аз полки "Азов" (нисбати ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст) пок карда шудааст.
Роҳи гурӯҳи боқимондаи украинӣ дар корхонаи "Азовстал" баста шудааст ва онҳо аз таслим шудан худдорӣ мекунанд.
Ҷониби Русия пайваста аз ифтитоҳи долонҳо барои интиқоли ғайринизомиён аз корхонаи "Азовстал" дар Мариупол хабар медиҳад.