Шодихон Ҷамшед ба ягона куҳнасарбози Панҷакент 22 ҳазор сомонӣ кумакпулиро расонд

Дар баробари президенти Тоҷикистон, ки барои ҳар иштирокдори Ҷанги бузурги ватанӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаст, раисони вилояту навоҳӣ низ маблағ медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Шодихон Ҷамшед, ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон ва мақомдорони маҳаллӣ аз ҳоли Саид Бӯриев, иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ хабар гирифта, кумакпулиро ба ӯ тақдим намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода низ ба манзили Саидов омада, ӯро бо 77-умин солгарди ғалаба шодбош гуфтанд.
Таъкид шудааст, ки ба куҳнасарбози тоҷик кумакпулии якдафъаинаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Кумаки 15-ҳазории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як аз куҳнасарбози ҶБВ
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ӯ 6 ҳазор сомонӣ ва шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба маблағи 2000 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намудаанд.
Манбаъ афзуд, Бӯриев Саид барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори сипос карда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми мамлакат дуои нек намуд.
Мақомоти Суғд мегӯянд, дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 аз шаҳру деҳоти Панҷакент 5 ҳазору 785 нафар сафарбар гардида, аксарияташон барнагаштаанд.
Таъкид шудааст, ки аз миёни зиёда аз 5,7 ҳазор панҷакентӣ, ки ба майдони ҷанг рафтаанд, танҳо 1 ҳазору 675 нафарашон баргаштаанд.
Айни ҳол аз байни баргаштагон аз майдони Ҷанги бузурги ватанӣ танҳо Бӯриев Саид, сокини деҳаи Дашти ҷамоати деҳоти Суҷина дар қайди ҳаёт аст, ки 101-сола мебошад.