ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд сокинони вилоятро бо 77-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ шодбош гуфта, ба онҳо фазои орому осуда, хотирҷамъӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу намудааст.
Аҳмадзода дар паёми шодбошияш зикр намудааст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги бузурги ватанӣ қисми таркибии он ба ҳисоб меравад, яке аз даҳшатноктарин ҷангҳо дар таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, пайомадҳои фоҷеабори он то ҳол дар вуҷуди мардум боқӣ мондааст.
Вай изҳори ифтихор кард, ки мардуми Тоҷикистон низ дар ин ғалабаи оламшумул ҳиссаи худро гузоштаанд.
"Зеро дар набардҳои шадиди ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафари фиристодаи Тоҷикистон шуҷоату ҷавонмардӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудаанд", - илова намуд Аҳмадзода.
Ӯ таъкид кард, ки халқи тоҷик номи нек ва корномаи бузурги фарзандони диловари хешро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард, зеро он дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаанд.
Раиси Суғд ҳушдор дод, ки дар ҳоли ҳозир низ оромию осоиштагии мардуми сайёраро таҳдиди терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб халалдор карда истодаанд.
Вай барои истодагарӣ дар баробари ин хатарҳо муҳим хонд, ки ҷавонон аз мактаби мардонагии падару бобоён сабақи зиндагӣ бардошта, барои рӯзгори осуда, таҳкими дӯстиву ҳамкории халқҳо талош кунанд.
Дар Тоҷикистон 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба бо чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, аз ҷумла гузашти низомию маросими "Ҳанги ҷовидон" таҷлил мешавад.