ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, ки талош барои пархошгарӣ нисбати Русия беҷавоб нахоҳад монд.
"Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба ҳеҷ ваҷҳ аз беҳтарин артишҳои ҷаҳон кам нестанд ва ҳатто аз онҳо пешсафанд. Сухан дар бораи омодагии касбии кадрҳои низомӣ, сифати силоҳу техникаи ҳарбӣ, қобилияти истифодаи онҳо ва тарбияи ҷисмониву иродаи қавии онҳо меравад. Ҳеҷ кас наметавонад моро дар ҳолати ногувор гузорад. Ҳеҷ кас наметавонад интизор шавад, ки талош барои пархошгарӣ нисбати кишвари мо беҷавоб мемонад", - навиштааст вай дар блоги худ дар сомонаи Шӯрои федератсия, ки бахшида ба Рӯзи ғалаба ташкил карда шудааст.
Ба гуфтаи хонум Матвиенко, амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина аз он шоҳидӣ медиҳад, ки артиши Русия на танҳо кишвари худ, балки тамоми башариятро аз хатари милатгароӣ ва тундгароӣ наҷот медиҳад.
Матвиенко кайд кард, Русия бартарии худро нисбат ба дигарон ташаккул намедиҳад ва аз кишварҳо ва мардумон душман намесозад.
“Бинобар ин имрӯз дар Украина сарбозону афсарони артиши Русия талош доранд, то аз ҳалокат ва ранҷу азоби аҳолии осоиштаи Украина пешгирӣ кунанд. Талош барои дарки дарди хар як ҷабрдида, чунон ки нависандаи бузурги мо, Фёдор Достоевский дар ин бораи гуфта буд, аз байн нарафтанд. Ин ҷузъи фарҳанг ва ахлоқии миллати рус мебошад”, - гуфт Матвиенко.
Дар баробари ин, ба гуфтаи вай, кишварҳои ғарбӣ, воқеан, аз мероси инсонпарварии бузурги худ, ки аз меҳрубонӣ, муҳаббат ба тамоми иносонҳо ва тамоми башарият сухан мегуфтанд, даст кашиданд.
"Мо умедворем, Аврупо башардӯсти навро пайдо хоҳад кард ва барои ин боз як ҷанги ҷаҳонӣ лозим намешавад", - хулоса кард Матвиенко.