Кумаки 15-ҳазории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як аз куҳнасарбози ҶБВ

Раисҷумҳури Тоҷикистон соли ҷорӣ нисбат ба соли қабл барои ҳар собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ панҷ ҳазор сомонӣ бештар маблағ ҷудо кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар иштирокчии Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 кумаки пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Дар ин бора аз дафтари матбуотии президенти кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур аз Фонди захиравии президент ҷудо хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳур соли қаблӣ ба ҳар иштирокчии ҶБВ 10 ҳазор сомонӣ дода буд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе барои собиқадорони ҶБВ аз ҷониби шаҳрдорӣ 3000 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Кумаки пулии Рустами Эмомалӣ ба иштирокдорону маъюбони ҶБВ
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 Ҷашни ғалабаро дар Тоҷикистон 59 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард.
Соли гузашта дар Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон 94 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд.
Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд. Соли 2022 Тоҷикистон яке аз кишварҳои камшуморе ба ҳисоб меравад, ки дар он роҳпаймоии тантанавии сарбозон баргузор мешавад.