ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Маросими "Ҳанги ҷовидон" аз тариқи ҳузурӣ дар 88 давлати дунё баргузор мешавад, изҳор дошт ноиби мудири идораи иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия Алексей Зайтсев.
"Дар доираи таҷлил аз 77-умин солгарди ғалаба омодагиҳо дар қаламрави 130 давлати дунё идома доранд, ки ташаббускоронашон ҳамватанон аз Русияанд", - афзуд ӯ.
Таъкид шудааст, ки дар маросими таҷлили Иди Ғалаба ба масоили амниятӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, чун эҳтимоли иғвоангезӣ зиёд аст.
Зайтсев бо таассуф инчунин аз ҷой доштани монеагузорӣ барои маъракаҳои поси хотири қаҳрамонҳои Ҷанги бузурги ватанӣ зикр кард.
Ин дар ҳолест, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ барои поси хотири қаҳрамонҳои Ҷанги бузурги ватанӣ маъракаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ дар назар аст. Аз ҷумла дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" ва гузашти низомӣ доир мегардад.
Уктам Акрамов, муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти кишвар гуфт, субҳи рӯзи 9 май дар майдони "Ғалаба", назди танк маросими баҳамоӣ ва гулгузорӣ сурат гирифта, пас аз он роҳпаймоӣ оғоз мешавад.
Таъкид гардид, ки роҳпаймоии иштирокдорон бо акси куҳансарбозон то боғи "Ғалаба" идома мекунад.
Акрамов гуфт, барнома дар боғи "Ғалаба" аз гулгузорӣ дар назди "Оташи ҷовидон" ва ҳайкали ҷанговарони кушташуда оғоз шуда, бо суханронии масъулини чорабинӣ ва ҳозирин поён меёбад.