ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Кирмакпарварони шаҳри Истаравшан ният доранд, ки имсол 7 тонна пилла истеҳсол кунанд.
Дар ин бора зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз оилаи кирмакпарвари шинохтаи Истаравшан Қаюм Шодиев иттилоъ дода шуд.
Дафтари матбуотии ҳукумати Суғд мегӯяд, дар мавсими имсола ба 200 оилае, ки таҷрибаи кирмакпарварӣ доранд, 280 қуттӣ кирмак тақсим гардида, айни замон парвариши кирмак ҷараён дорад.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Истаравшан 442 гектар тутзор мавҷуд буда, он барои кирмакпарварӣ истифода мешавад.
"Бояд гуфт, кирмакпарварӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук ва истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза аз соҳаҳои зарурӣ маҳсуб меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон дастур дод, кишоварзони кирмакпарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.
Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ қариб аз байн рафтааст ва таъкид намуд, ки барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.
"Заминҳои тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд", - гуфт Раҳмон.
Президент таъкид кард, ки дар ин росто махсусан барои бонувони кишвар дар манзили зисташон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад.
Масъулини Вазорати саноат муваззаф шудаанд, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат барои солҳои 2022-2026 масъалаи рушди кирмакпарвариро дар кишвар бозбинӣ намуда, ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд.